Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сафари кории корманди осорхона ба н.Зафаробод

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 19 – 20 майи соли ҷорӣ корманди осорхонаи таърихии вилоят ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ якҷоя бо олими ҷавони Британияи Кабир – Искандар Динг, ки дар ҷодаи эроншиносӣ, хусусан бо омӯхтани забони яғнобӣ машғул аст, ва бо кӯмаки олими дигари соҳаи яғнобшиносӣ – Рамазон Саид дар н.Зафаробод, дар ҷамоати Ҳамза Алиев бо пирамардони яғнобӣ, аз ҷумла Мирзо Рамазониев, Идиев Қурбон ва Исмоилов Абдусамад сӯҳбатҳо гузаронида нақлҳои онҳоро сабт намуд. Мақсади чунин амал ин қайд намудани лаҳҷаҳо яғнобӣ дар ҳуҷҷату дискетҳо ва оянда сохтани як пояи матнҳои яғнобӣ мебошад. Чӣ тавре, ки маълум аст, яғнобиён – шохаи забони суғдиёни қадим мебошанд, ки забони худро дар тӯли ин садсолаҳо нигоҳ доштаанд. Асли макони яғнобиён ин водии кӯҳистони Яғноб (воқеъ дар н. Айнӣ) аст, вале дар даврони шӯравӣ чанде аз онҳо ба дигар минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла н. Зафаробод кӯчонида шуда буданд. Аз ин сабаб, дар замони муосир мисли ҷазира зиндагӣ кардани онҳо каме хатари худро дорад, зеро гирду атрофи забони яғнобиро забони форсии тоҷикӣ иҳота кардааст, ва он таъсири манфӣ расонидааст. Бинобар ин, барои аз байн нарафтани ганҷинаи нутқи яғнобиён ва ҳифз кадани онҳо сафари мазкури корманди осорхона равона карда шуда буд.

Маҳмудов Нурулло – корманди

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСафари кории корманди осорхона ба н.Зафаробод
Scroll to Top