Joomla! Open Source Content Management

  • Skip to content
  • Jump to main navigation and login

Nav view search

Navigation

Search

ГУЛҲОИ ОРОИШИИ ФАСЛИ САРМО

User Rating:  / 0
Details
16.11.2015 14:04
Азназаргузаронӣ: 3694

Боғи Камоли Хуҷандӣ пас аз бо тарҳи нав барқарор гардиданаш муддати се мавсим аст, ки дари худро барои истироҳаткунандагон во кардааст. Бештар аз 55-70%-и масоҳати ин макон гулзору сабзапӯш буда, боқимонда пайроҳаю майдончаҳои сайр аст.

Барои дар фасли зимистон низ таровати худро гум накардани боғ гулҳои ба мавсими сармо тобовар шинонида истодаанд. Теъдоди бештари онҳоро гулкарамҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо се навъанд. Дар боғи Камоли Хуҷандӣ асосан ду навъи гулкарамҳо: гибрити сурх ва гибрити сафед парвариш ёфта истодаанд.

Гулҳо аз гармхонаи ба номи «Баҳористон» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд харидорӣ гардидааст. Мутобиқи гуфтаи  директори боғи Камоли Хуҷандӣ А.Шодибеков ҳоло дар ҳудуди маҷмаа зиёда аз 30 000 бех гулкарамҳо дар нашъунамоянд ва боғбонон ният доранд шумораи гулҳои ороишии зимистонаро ба 50 000 бех расонанд.

 

Шарҳ додан
FaLang translation system by Faboba

Powered by Joomla!®