Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Назаре ба таърихи чархи ресмонресӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Назаре ба таърихи чархи ресмонресӣ

Анъанаи тайёр намудани либоси суннатии тоҷик то кунун хусусиятҳои басо куҳани таърихии худро, ки ба давраҳои куҳантарин ва куҳан мутааллиқ аст, нигаҳ доштааст. Табиист, ки пеш аз тайёр намудани либос  чун анъана аввал ришта тайёр менамуданд. Дар ин ҷо мо каме оиди чархи ресмонресӣ, ки як ҷузъи асосии истеҳсоли сару либоси миллии тоҷикон аст, сухан хоҳем кард.

 Чархи ресмонресӣ, чирик, ҳаллоҷӣ яъне асбобест, ки бо он пахтаро аз чигит ҷудо мекарданд. Чирик аз ду наварди чӯбини уфуқии ба муқобили якдигар даврзананда иборат аст. Нӯги тирҳо дандонаҳо ва комаҳои ба ҳам марбут (қӯшқорак) доштанд. Тири поёниро бо дастаки чӯбин давр мезанонданд ва он бо ёрии дандонаҳо ва комаҳо тири болоиро ба ҳаракат медаровард. Зери тири ҳаракатдиҳанда такятир устувор карда мешуд. Тирҳо аз байни ду сутунчаи амудӣ мегузоштанд. Роғи байни тирҳо дар рафти кор бо фоначаҳои ба сутунчаҳо гузаронида шуда васеъ ё танг карда мешуд. Пахтакаш дастаки тири ҳаракатдиҳандаро чарх занонда, як каф пахтаро ба роғи тирҳо наздик мебурд; тирҳо муқобили якдигар давр зада, пахтаи тозаро ба қафои дастгоҳу чигитро ба пеши пахтакашак мепартофтанд. Пахтаи тозакардашударо гирифта ба чархҳои махсус мепечонидан ва сипас аз онҳо ришта барои омода намудани матоъ тайёр менамуданд. Тамоми ин амалҳо ба таври дастӣ иҷро карда мешуд, ки меҳнати ниҳояд мушкил буд. Имрӯз бошад дар корхонаҳои истеҳсоли нахи пахта махсус дастгоҳҳо гузошта шудаст, ки ба таври автомати ҳамаи ин амалиётҳоро иҷро менамояд.

Намунаи ин намуди чархҳои ресмонресӣ дар экспозитсияи намоишии коргоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Хонаи миллии тоҷикони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шудааст.

 

                     Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи

                     МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНазаре ба таърихи чархи ресмонресӣ
Scroll to Top