Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ муаррифгари мероси ниёгон

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо баробари истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои миллӣ, маданият ва фарҳанги тоҷикон рушд карда истодааст. Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш хувайдост. Ҳар миллате, ки дар даврони ҷаҳоншавӣ мехоҳад боқӣ бимонад, бояд решаҳои таърихию фарҳангии аҷдодии хешро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти худ қарор бидиҳад, аз он сабақ бигирад ва дар ин асос барои наслҳои оянда заминаи бунёди фарҳангию маърифатӣ ва иҷтимою иқтисодиро ба мерос бимонад.

Дар шафати қисми ҷануби “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Хона-музейи шайх Камоли Хуҷандӣ қомат афрохтааст. Бо бунёди ин макон симои меъмориву бадеии маҷмаа дигаргун гашта, ҷаззобияти он боз ҳам афзун гаштааст.

Ҷолиби диққат он аст, ки ҳунармандон дар ороишоти биноҳои хона-музей ба эҳёи услуби наққошиву рассомии суннатиамон эътибор додаанд.

Вақте, ки вориди хонаҳо мешавед, диққати шуморо санъати волои тоҷик ба мисли наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакории рӯи чӯб ба худ ҷалб мекунад. Ҳар як хонаҳо дорои тоқчаҳои гуногунҳаҷми нусхаҳои қадима мебошад ва онҳоро бо ашёҳои қадимаи таърихӣ оро додаанд. Дар таҳмону тоқчаҳо кӯрпаю кӯрпачаҳо бо тарзи зебо гузошта шудааст.  Дар солҳои охир  ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ҷавонон, навхонадорон, арӯсшавандаю домодшавандаҳо меоянду аз рӯзғори мероси ниёгонамон бархурдор мешаванд. Яъне тарзи дурусти истифода бурдани ашёҳои рӯзғордорӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳоро аз худ мекунанд. Инчунин шиносои бо ошхона, амборхона, таҳхона, боғу чорбоғ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмоалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд кардаанд, “...тоҷикон бояд захираи на кам аз ду солина дошта бошанд”. Бо чунин гуфтаҳо дар Хона-мезейи Камоли Хуҷандӣ намуди тарзи захираҳои зимистона ба маърази тамошобинон гузошта шудааст, зеро ҳамаи ин таҷассумгари давраҳои гузашта мебошанд.

Фарҳанги қадимаи хазинаи пурганҷи маърифати миллат, қавм ё халқияте дониста шуда то имрӯз барои шинохти хеш аз он дунболгирӣ менамоянд.

Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ҷавононро водор месозад, ки онҳо бояд аз таърихи мероси ниёгонамон бохабар шавнд ва барои пешбурди зиндагии худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ҷавонон ояндаи миллати хеш мебошанд.  

 

Роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Тошматова Тахмина

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesХона - музейи Камоли Хуҷандӣ муаррифгари мероси ниёгон
Scroll to Top