Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Лӯлаи обгузар

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Лӯлаи обгузар, комплекси иншооти санитарӣ, ки ҷамъ кардану аз ҳудуди маҳалли истиқомат ва корхонаҳои саноатӣ берун баровардани обҳои гандида, инчунин пеш аз истифодаи дубора софу безарар гардондани онҳоро таъмин мекунад. Лӯлаи обгузар дохилӣ ва берунӣ мешавад. Қубури обгузари дохилӣ барои берун овардани обҳои гандидаи биною кӯчаҳо хизмат мекунад. Лӯлаҳои обгузар аз сафол, асбестсемент, бетон, оҳанбетон сохта мешаванд. Кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза нишон доданд, ки ҳанӯз дар асрҳои VII-VIII дар Панҷакент, асрҳои X-XI дар Ҳулбук, Хуҷанд, Шаҳристон системаҳои таъминоти об ва лӯлаи обгузар вуҷуд доштанд.

                                                              

Ҳангоми бурдани корҳои ҳафриёти дар ҳудуди Кӯшки Ҳокимнишини Қалъаи Хуҷанд соли 2019 4-адад қубури обгузаре дарёфт гардиданд, ки мутобиқи тадқиқоти бостоншинос Раҳимов Н.Т. он ба асрҳои IX-XII тааллуқ дошта бо ёрии қубури обгузар таъмин будани Кӯшки Ҳокимнишини Қалъаи Хуҷанд маълумот медиҳад. Яке аз ин қубурҳои ёфта шуда 21 см буда дар қисмати нӯгаш 4 сӯрохие вуҷуд дорад, ки он ҳамчун фаввора хизмат мекард. Дигаре аз ин қубурхо  дар қисмати нӯгаш ҷойи пайвастшаванда дорад. 

Дар қарнҳои гузашта дар ҳавлии ҳар як оилаи тоҷик қубурҳои обгузар вуҷуд дошт, ки ин маданияти волои мардуми тоҷикро нишон медиҳад. Бояд тазаккур намуд, ки тоҷикон аз қадим то имрӯз таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановати худро дорост.

Ҳар нафаре, ки ба осорхонаҳои МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” ворид мешавад, метавонад доир ба хусусиятҳои фарҳанги миллати тоҷик, раванди ташаккул ва дастовардҳои бузурги он аз давраҳои қадим то замони соҳибистиқлолӣ бевосита ошно гардад.    

Таҳмина Тошматова

Роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top