Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гаҳвора

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Гаҳвора аз давраҳои қадим дар байни мардуми Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Шарқи Наздик ва Миёна маъмул буда, то замони мо аҳамияти хешро гум накардааст. Гаҳвора ин ҷойхоби махсуси кӯдак, ки дар он тифл баъди 7-10 рӯзагӣ то синни 1,5 – 2 ва баъзан 3 солагӣ мехобад. Гаҳвораро аз чӯби бед, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Одатан дарозии гавҳора 1 – 1,5м, бараш 35 – 45 см ва баландиаш зиёда аз 50 – 60 см мешавад. Асоси гаҳвора аз (тир) даста ва тахтачӯба иборат буда, поёнтари тахтачӯбаро барои тубак (сиба) сӯрох мекунанд. Даставу тахтачӯба аз ду тараф бо чанбари нимдоира васл мешаванд. Барои муҳофизати сар ва пои кӯдак ба дохили чанбар ба тарзи амудӣ чӯбакҳо мегузоранд. Даставу чанбарҳо ва қасабаи гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд. Ҳамчунин барои бозии кӯдак дар ҳарҷои даста ғилдиракчаҳои кунгурадори чӯбӣ ва ҳар гуна марҷону зангӯлачаҳо меовезанд. Дар тахтчӯбаи гаҳвора халта ё кӯрпачаи махсуси арзан ё пӯсти нахӯд пуршударо меандохтанд, ки бо шеваи халқӣ онро қавуз меноманд. Сипас ба болои он кӯрпачаи тунуки пахтагӣ ва рӯйҷои хурд паҳн мекунанд. Зери сари кӯдак болиштча гузошта, барои пешгирӣ кардани нуқси устухони косаи сар тагсариро андаке чуқурак мекунанд. Пойҳои кӯдакро бо пойпеч печонида, тавассути побандаку дастбандак ба гаҳвора мебанданд. Дастбандаку побандак ба дастаи гаҳвора ба воситаи бандакҳои пашмӣ ё ресмонӣ баста мешавад. Дар болои сари тифл бо мақсади аз чашми бад эмин доштан баъзан кулча, корд, сирпиёз, қаламфур, оинаву шона мегузоранд. Илова бар ин гоҳе дар болои сари кӯдак донаи хурмо , мӯҳраи чашмӣ, талхаи хирс, пӯсти мор, чӯби туғ, нохуни гург, бозубанд ва ғайраҳо меовезанд. Болои гаҳвораро бо гаҳворапӯш мепӯшонанд. Гаҳвораи мардуми водӣ ва кӯҳистон каме тафовут дорад. Тахтачӯбаи гаҳвораи водӣ нисбатан амиқтар ва пояҳояш мудаввар, вале гаҳвораи мардуми кӯҳистон сатҳӣ буда, пояҳои кунҷ доранд.[1] Ҳоло намуди нави гаҳвораи бо пояҳои ғилдиракдор ихтироъ шудааст, ки ба алвончак шабоҳат дорад. Гаҳвораи мазкур бо як такон мудате алвонҷ хӯрда, кори модарро то андозае осон мегардонад. Гаҳвора ва ҷиҳози онро асосан модари духтар тайёр карда, рӯзи гаҳворабандон тӯҳфа мекунанд.

Дар колексияи соҳавии маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 9-адад гаҳвораҳое мавҷуд аст, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони Шимолӣ тааллуқ дошта, аз ҷиҳати сохт, шакл, андоза ва нақшу нигораш аз ҳамдигар фарқият дорад.

Мисоли равшани он гаҳвораҳое, ки таҳти рақами КВ 3289 ва КВ 3908 дар китоби воридотии фонди Осорхона сабт шудаанд.[2] Гаҳвораҳо аз ҳамдигар аз ҷиҳати сохт ва шакл каме фарқ доранд. Гаҳвораи аввал ин гаҳвораи мардуми кӯҳистон буда, каме паҳн ва пояҳояш кунҷа аст, даставу чанбарҳо ва қасабаи гаҳвора наққошиву кандакорӣ карда шуда, бо рангҳои баланд оро ёфтааст. Гаҳвораи дуюм бошад, ба мардуми водинишин тааллуқ дошта, нисбат ба гаҳвораи мардуми кӯҳистон амиқтар ва пояҳояш мудаввар аст. Он низ кандакорӣ карда шуда, аммо каме нафис ва нозуктар аст.

Гаҳвораҳои замони муосир сохташ чун қадима буда, аммо аз чиҳати нақшу нигор ва ҷиҳозаш тағйир ёфтааст. Гаҳвораҳои замонавӣ нисбат ба қадима пурнақшунигор буда, тагпояаш баландтар аст.

 

                                            М.Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи

                                           МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”



[1] Мардонова М. / Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988, - Ҷ-1. –С.347

[2] Фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд //Китоби воридотӣ №1. – С. 195

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top