Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунари волои заргарӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Тоҷикон аз қадим мардуми ҳунарманд буда, ҳунари худро тӯли асрҳо рушду такомул медоданд. Дар байни онҳо маъмултарин ҳунари бадеӣ дар радифи ҳунари атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, бофандагӣ, ҳунари заргарӣ низ маҳсуб меёфт. Ҳунари заргарӣ касбу кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши маснуоти заргарӣ маҳорат ва истеъдоднокии ҳар фарди ҳунармандро тақозо мекард.

   Анвои заргарӣ аз қабили зулф, қоши тиллоӣ, силсила, ҳалқа, зеби гардан, каҷак, бозубанд, гӯшвора, ангуштарӣ ва ғайра зевароти маъмули занони Осиёи Миёна буданд. Дар кори заргарӣ усулҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳалдавонӣ ва ғайра истифода мешуданд.     

     Заргарони тоҷик аз маснуъотҳои фулузот аз қабили тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва сангҳои қимматбаҳои лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, қаҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ақиқ, садаф, марворид истифода мекарданд.

    Яке аз маснуоти заргарӣ каҷак ба ҳисоб меравад. Каҷак маснуоти заргарӣ, ҷузъи ҷиҳози ороиши занона мебошад. Он ҳалқаи ҳилолмонанд буда, бодомӣ ё баргибодомӣ мешавад, ки онро ба гӯш меовехтанд. Каҷакро бештар аз тилло ё нуқра зарандуд мекарданд. Нигинашро аз ёқут, зумуррад, лаъл, фирӯза ва ғайра месохтанд. Дар атрофи санг чилтор ё гирдак (аз фирӯза) гузошта, ба занҷирҳо марворид ё садаф мечинданд. Бештар каҷакҳои бодомӣ ва ҳилолмонанд маъмуланд.

   Беҳтарин намунаҳои осори санъати заргарии тоҷикон дар Осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳифз ва нигаҳдорӣ шуда, баъзе аз онҳо ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин маҷмӯи асбобҳои заргарии Мулло Аҳмади Хуҷандӣ (1883-1970), ки яке аз заргарони маъмули қарни XX дар Хуҷанд буд, ба миқдори 72 адад ба маърази тамошо гузошта шудааст.

  Ҳамчунин дар чаласаи охирини камиссияи харидории назди осорхона, барои ғанигардонии фонди осорхона аз шаҳрванд Мӯсоева Ҳабиба сокини шаҳри Хуҷанд як ҷуфт каҷак харидорӣ карда шуд, ки аҳамияти таърихӣ дорад.

     Алҳол заргарони халқӣ  дар  корхонаҳои  хурди заргарӣ  ба   монанди “ Тоҷиккристал”,     “ Ақиқа”,               “Апреловка” ва ғайра  ҷамъ  шуда, ин анъанаи заргарии ниёгонамонро идома дода истодаанд.

    Саидова Дилором

Корманди илмии

шуъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲунари волои заргарӣ
Scroll to Top