Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯзи фархундапай муборак!

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Эй болу пари озод, Наврӯз муборак бод,

Эй субҳи дили озод, Наврӯз муборак бод!

 Боиси хушнудист, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврӯзи ҳуҷастапай бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, назокату латофаташ қадами фархундаи хешро гузошт.

“Наврӯз” ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил карда шуда, ба нахустрӯзи офариниши баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.

Наврӯзи Аҷам ин худ василаест, ки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарқии хеш якпорчагиву ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ, ба ободии сарзаминанмон мусоидат менамояд.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Имрӯзҳо ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва Робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шаҳрвандон ва меҳмонони вилоятро бо омадани ҷашни Наврӯзи бостонӣ айёми бедории табиати Ватан, ҷашни сарсабзию шукуфоии сайёра, созандагӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ табрику муборакбод намуда, ба хонадонашон файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва нусрату пирӯзӣ таманно менамояд.

Муборак қудуми Наврӯзи фархундапай!!!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНаврӯзи фархундапай муборак!
Scroll to Top