Кормандони илмии осорхона тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанигардонии коллексияи махзани (фонд) осорхона ҷаласаи комиссияи харидории назди фонди осорхона баргузор намуданд, ки дар он 204 -адад ашёҳои бостоншиносӣ, китобҳои чопӣ ва маводҳои давраи муосир ба таври ройгон қабул гардид.
Ашёҳои пешниҳодгардида аз маводҳои шаҳрвандон ва бозёфтҳои бостоншиносии ҳудуди майдони “Калъаи Хуҷанд” - “Кӯшки ҳокимнишин” ҳангоми бурдани корҳои тадқиқотӣ – ҳафриётӣ дарёфт гардида мебошад.
Мутобиқи қарори комиссияи харидории назди маъхази осорхона аз 204 адад ашёҳои қабул гардида 178 адад ба фонди ёрирасон ва 26 адад ба фонди асосӣ муайян карда шуданд.