Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷиҳати тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бисёр корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.   

Санаи 14-уми августи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз макони сайёҳиву фарҳангии Хуҷандшаҳр ба ҳисоб меравад, мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ташкил гардид.

Дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар дӯстдорони бозии шоҳмот аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

         Мусобиқа аз рӯи се бахш ба роҳ монда шуд:

1.Бахши аввал то синни 14 сола;

2.Бахши дувум аз 15 то 30 сола;

3.Бахши сеюм аз 30 сола боло.

Ясмина Юсуповаи 6 сола, ки яке аз ҷавонтарин шоҳмотбоз буда, ба синну соли хурдсолиаш нигоҳ накарда, аллакай дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори якчанд ҷоизаҳои аввалро ишғол намудааст, дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, ҷои аввалро сазовор гардид.

Корманди ҷавони Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Абдуманнон Ҷаборов низ дар мусобиқа иштирок карда, ҷои аввалро соҳиб гардид.

Дар ҷамъбаст муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ба ғолибон ифтихорномаю медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ сайқал додани донишу маҳорат, якдилию якдигарфаҳмӣ, ба роҳ мондани дӯстию рафоқат байни ҳамдигар мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҶоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот
Scroll to Top