Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

БАРРАСИИ ЯК НУСХАИ ХАТТИИ НОДИРИ ХОНА-МУЗЕЙИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷамъ намудани китобҳои нодир барои ҳар миллате, ки таърихи бою куҳан дорад, воситаи хубест барои руҷӯи дубора ба таърих, маданият ва фарҳанги ниёгон, ки хушбахтона имрӯз яке аз рукнҳо ва пояҳои асосии сиёсати давлатдории моро ташкил медиҳад. Аммо баробари ҷамъоварӣ, масоили омӯзиши нусхаҳои хаттӣ, ки манбаи асосии шинохти масъалаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва адабии мардуми мост, нисбатан корҳои ҷиддиро тақозо мекунад. Сарчашмаҳои асосии тоҷикон дар дарозои мавҷудияти ин миллати куҳанасли азияткашида ба сабаби ҷангу юришҳои мутафовит ба марзҳои гуногун парешон шудаву даст ба дасту сина ба сина аз насл ба насл то имрўз ҳифз гардида ва қисмати ниҳоят муҳимми он мавриди омӯзиш ҳам қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, кам нестанд сарчашмаҳои хаттие, ки дар гӯшаву канори олам ба таҳқиқу баррасӣ ниёз доранд ва ҳанӯз ҳам дасти таҳқиқ бар онҳо норасидаву гарди фаромӯшӣ аз рӯй нашустаанд. Аз зумраи чунин осори хаттӣ, ки камтар мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқи олимон қарор гирифтааст, чанд дастнавиштаи асрҳои гуногун аст, ки дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД «Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд» нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин манбае, ки ҳамин чанд соли охир ба ҷамъу нигаҳдории дастхатҳои форсиву арабӣ шурӯъ кард, зиёда аз 350 нусха китоби дастнавишта ва чопҳои сангиву литографӣ мавҷуд аст, ки ба улуми шаръӣ, таърихӣ, зистшиносӣ, адабӣ, ирфонӣ ва омӯзишӣ-таълимӣ алоқаманданд. Дар ин навишта кӯшиш муаррифии яке аз чунин осор меравад, ки ба қалами табиби номвар – Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳиравӣ, даргузашта дар соли 950/1545, ки ба қавли Аҳмад Гулчини Маонӣ аз табибони маъруфи замон ва писари табиби машҳур Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳиравӣ будааст (1,1558), тааллуқ дорад. Агарчи падару писар дар риштаи тиб дасте доштаанд, ба қавли аксар муҳаққиқон писар бештар бо номи Юсуфи Ҳиравӣ дар ин ҷода шуҳратмандтар будааст. Дар мавриди зиндагинома ва осори Юсуфи Ҳиравӣ алоқамандон метавонанд аз сарсухани мухтасари муҳаққиқи ҷавон, корманди МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Назруллоҳ Латифӣ «Муруре ба зиндагонии Юсуфи Ҳиравӣ ва китоби «Анвори ҳикмат»-и ў» (2,83-90) дар нашри мухтасари ин китоб дар як ҷилд бо китоби «Мулистон»-и Мирзо Иброҳими Мадоеҳнигор бо номи «Мулистони ҳикмат» руҷӯъ намоянд.

Китоб таҳти шумораи 4 дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ нигаҳдорӣ шуда, бо номи «Рисолаҳо дар андарз» шинохта мешавад. Ҳол он ки номи аслии ин рисола «Анвори ҳикмат» будааст, ки бо номҳои дигаргуна, мисли «Калимоти Юсуфӣ» ё «Насоеҳи Юсуфӣ» низ иштиҳор дорад. Нусха бо хати настаълиқ навишта шуда бошад ҳам, расмулхати баъзе ҳарфҳо бо унсурҳои хати шикаста шабоҳат доранд. Муҳаққиқи ҷавон – Назруллоҳ Латифӣ тахмин карда, ки нусха дар охирҳои асри ХVIII китобат шудааст (2,89). Аломатгузории баъзе ҳарфҳо, мисли сенуқта дар поёни ҳарфи «син» ва аломати «ҳамза»-гуна поёни «ҳо»-и ҳуттӣ, ки далолат бар он мекунад, ки котиби нусха дар даст нусхаи нисбатан қадимиеро доштааст, шояд муҳаққиқро бар ин андеша водор карда бошад. То он ҷо, ки мо бо нусха кор кардем, он нусхаи қадимӣ нест ва дар поёни рисолаи сонӣ соли китобати он омадааст, ки 1251/1835 мебошад. Яъне нусхаи мазкур дар асри ХVIII неву дар асри ХIХ китобат шудааст.

Аз сӯи дигар, дугуна навишта шудани баъзе ҳарфҳо, аз ҷумла ҳолоти мазкур бо ҳарфҳои «син»-у «ҳо»-и ҳуттӣ, ки аз хасоиси умдаи китобат дар асри ХVIII ва ХIХ аст, чанд ҷиҳати қимат ва аҳамияти нусхаро бознамо мекунад. Аз хусусиятҳои дигари китоб он ки котиб калимаи «фасл»-ро дар китоб, ки барои тамйизи фаслҳои он омадааст, бо ранги сурх китобат кардааст. Ашъори дар китоб истифодашуда ҳам мисли пораҳои насрӣ паиҳам навишта шудаанд, ки кори муҳаққиқонро даҳчанд мушкил мекунад. Ҳамагӣ дар чанд саҳифа дар ҳошия афтодагиҳои матни асосӣ оварда шудааст, ки ба хату қалами худи котиб мебошад. Нусха дар коғази нафис китобат шудааст. Баъди итмоми ҳар рисола, ки дар китоби «Анвори ҳикмат» ба ҳайси боб хидмат мекунад, ду саҳифаи холӣ омада, сипас ҳар рисола ҳамчун асари алоҳида ба ҳамди Худову наъти Расул ва сабаби иншо шудану баёни мавзӯи меҳварии он оғоз мешавад. «Анвори ҳикмат» агарчи дар меҳвари ахлоқу андарз иншо шудааст, аммо соҳибаш дар он услубҳо ва тарзҳои гуногуни баёнро пеш мегирад. Китоб муқаддимаву хулосаи ягона надорад ва чунонки қайд карда шуд, ҳар рисола дебочаи худро шомил мебошад. Ду рисолаи аввали китоб мавзӯи асосии он – андарзу ҳикматро фарогиранд, аммо рисолаи сеюм шомили қиссаи дарвешон аст, ки аз нигоҳи сабку салиқа ба насри ривоятӣ, махсусан ба «Чор дарвеш» шабоҳат дорад.

Ду рисолаи аввал аз нигоҳи ҳаҷм хурдтаранд, чунончи рисолаи нахуст 56 саҳифа буда, дар саҳифаҳои 17,41,42,43-и матн як ё ду калима обрасида ва нохоно шудааст. Дар саҳифаи 32 бошад, дар ҳошия афтодагии матн дар ҳудуди чаҳор-панҷ калима барқарор шудааст. Як нуктаи муҳимме, ки дар кори котиби нусха таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард, он аст, ки котиб дар оғози рисолаҳои як ва ду камтар ба ғалат роҳ медиҳад. Дар охирҳои рисолаҳои мазкур ҳам ҳусни хати котиб мекоҳад ва ҳам ғалатҳо бештар мешаванд. Гӯё котиб барои ҳарчи тезтар ба анҷом расонидани кораш саросема будааст. Чунончи, аз саҳифаи 11 то охири рисолаи аввал (яъне, то саҳифаи 56, ки баъдтар бо қалам ишора шудааст) шумораи хатонависии котиб панҷ маротиба аз саҳифаҳои аввали китоб бештар мебошад.

Нисф зиёди қисмати оғозини рисолаи дувум ҳам мисли рисолаи пешин нисбатан ба хати хонову ағлоти камтар китобат шудааст, аммо аз саҳифаҳои 85-90 сар карда, то охири рисола (рисолаи сонӣ шомили саҳифаҳои 61-109-и китоб) ҳамон масъалаи бадхонӣ ва ғалатнависии котиб эҳсос мешавад. Масалан, дар саҳифаҳои 93,94,95,96 паиҳзам ба ҷурми осемасарии котиб рангҳои ҳуруф ба ҳам омехта шудаанд, ки дар натиҷа қисматҳое аз матн нохоно гардидаанд. Дар саҳифаи 74 бошад, афтодагии матн дар ҳошия омадааст, саҳифаҳои 84 ва 92 дар ин рисола холӣ монда, матн бе ягон афтодагифу нуқсон дар саҳифаҳои баъдӣ давом ёфтааст.

Дар қисмати итмоми рисолаи сонӣ, баъди ба поён расидани матни асосӣ котиб дар давоми ҷумлаи охирин калимаи «таммат»-ро (тамом шуд) се маротиба менависад. Ин нукта ҳам тақвиятдиҳандаи тахмини мост, ки котиб дар кори китобат аҷалае доштааст, зеро такроран се маротаба «тамом шуд» навиштанаш аз ин ҳолати равонии ӯ дарак медиҳад.

Масъалаи мавзӯъ ва муҳтавои рисолаи «Анвори ҳикмат» низ аз масъалаҳоест, ки баррасии ҷиддиро тақозо мекунад. Чунончи, ду рисолаи аввал ба мавзӯи ахлоқ, ҳикмат ва амсоли ин буда, аз нигоҳи сабки таълиф ва услуби баён ба ҳам қаробати зиёд доранд. Ин рисолаҳо (бобҳо) комилан мустақил буда, равиши баёнашон ҳам мунҳасир ба тартибеву низоме нест. Яъне, нависанда зимни баён бештар ба ҷамъоварии нуктаҳо ва андарзҳои дар тӯли ҳаёт мушоҳидаву хондааш таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар ин бобҳо гуфтори ҳакимонаро аз андешаи орифона тамйиз кардан мушкил аст. Ҳар ду рисола ҳам аз фаслҳое иборатанд, ки дар маҳдудаи ду ё се ҷумла баён шуда, як фикри мухтасарро ҳовӣ мебошанд.

Чунин баррасӣ ва таҳқиқи як нусхаи нодири китобхонаи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ чанд нуктаро пешорӯи муҳаққиқони ватанӣ боз мекунад:

Аввалан, он ки нусхаҳои нодир, хушхат ва камомӯхташуда дар ин ганҷинаи маърифат хеле зиёд аст, ки то ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Баррасӣ ва омӯзиши касбии ин даста китобҳо кори гурӯҳи муташаккилонаро тақозо мекунад, ки бояд аз мутаххассисони муаррих, мусташри, забон ва адабпажӯҳ ва файласуф ташкил ёфта, дар самтҳои зарурӣ нусхаҳо ба баррасии мӯшикофона кашида шаванд.

Сониян, маҳз чунин гурӯҳ баъди ҷудо кардани сара аз носара ба тартиби феҳрасти (каталоги) ин манбаи то ҳол дар Тоҷикистон муаррифинашуда ҳиммат гуморад. Барои он ки муаррифии дастнавиштаҳои Тоҷикистон, махсусан ҳавзаи адабии вилояти Суғд то ҳол кори дастнарасидаест, ки барои ояндагон фоидаҳои бисёр дорад ва обрӯю нуфузи миллати азизи моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам боло мебарад.

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (№4)

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБАРРАСИИ ЯК НУСХАИ ХАТТИИ НОДИРИ ХОНА-МУЗЕЙИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Scroll to Top