Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонони фахрӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи 1-уми июл бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ намояндагони мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ҳам вохӯрда, чанд масоили марбут ба фаъолияти хизматии соҳаро баррасӣ ва барои мусоидат дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ тавофуқномаҳои нав ба имзо расониданд. 

Меҳмонони мазкур бо роҳбарони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз вохӯрии расмӣ ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Меҳмонон ҳангоми ташриф овардан аз пазиришу меҳмоннавозии мизбонон ба тааҷҷуб омада, аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик аз наздик  шинос шуда, таҳсину офарин хонданд. Дар интиҳо, дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дастурхон ороста  ва ба китоби фахрии Осорхона аз тарафи меҳмонон соядаст гузошта шуд.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТашрифи меҳмонони фахрӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Scroll to Top