Мероси ниёгон аз арзишмандтарин ганҷинаи миллати мо мебошад.
Чунин осор метавонад қудрату тавоноии хиради мардуми тоҷикро муаррифӣ намояд. “Мирвоҳу-л-арвоҳ” аз зумраи чунин осори гаронбаҳоест, ки таҷассумгари илми тоҷик мебошад. Хушбахтона нусхаи чопи сангии ин асар дар шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таънихии “Қалъаи Хуҷанд” маҳфуз аст. Мушаххасоти он бо қарори зайл аст.
Китоби “Мирвоҳу-л-арвоҳ” бо забони арабӣ навишта шуда, навъи хат настаълиқ мебошад. Китоб соли 1314 ҳ.қ. аз тарафи Аҳмад Ибни Алӣ Ибни Масъуд дар матбааи Деҳлӣ ба қалам омадааст. Китоб аз грамматикаи забони арабӣ иборат буда, дар ҳошияаш шарҳу эзоҳи матн вуҷуд дорад. Дар қисмати охири китоб рисолаи “Ҳанафия” бо ҳошияи “Фалоҳ” ҷой гирифтааст. Рисолаи дуюм соли 1311 ҳ.қ. дар ҳамин матбааи мазкур ба табъ расидааст.
Муаллифаш Мавлоно Шамсиддин Аҳмад Ибни Сулаймон мебошад. Инчунин, дар ин китоб рисолаи дигаре бо номи “Таслил-ул-Қофия” ҷой гирифта, муаллифи он Муҳаммад Абдуллоҳи Хайрбоди мебошад. Ин рисола соли 1891-и мелодӣ китобат шудааст. Дар маҷмӯъ китоб аз се рисола иборат буда, дорои 442 саҳифа мебошад.
Мавҷуда Бойматова
Корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МДМФТ "Қалъаи Хуҷанд" Рӯзномаи Ҳақиқати Суғд №63 ( 18056)
04.06.2019