Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ФАЙЗИ БАҲОР

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расми кушоди намоиши асарҳои рассом Абдураҳмон Исроилов таҳти мавзӯи “Файзи баҳор” доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Насиба Эшонова, муовини раиси бахши Академияи мусаввирон дар вилояти Суғд, академик - Абдураҳим Ҷаборов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - Ғафурҷон Ҷӯраев, номзади илми педагогӣ, дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - Салимбой Ҳасанов,  директори Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров - Ҳабибулло Холҷӯраев устодон ва донишҷӯёни факултети санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ВАО-и шаҳру вилоят ва кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро  омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд - М.Бойматов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайра мақдам намуданд. Сипас ҳамагонро бо ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмон Исроилов шинос карда, зикр доштанд, ки ӯ дар ҳамаи жанрҳои мусаввирии дастгоҳӣ кор мекунад.

Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Насиба Эшонова, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - Ғ.Ҷӯраев, номзади илми педагогӣ, дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - С.Ҳасанов, директори осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров - Ҳ.Холҷӯраев ба сухан баромада, ба А.Исроилов тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ҳамагон вориди толори намоишӣ гардида, аз асарҳои Абдураҳмон Исроилов дидан намуданд. Оҳанги фораму дилнавози созҳои миллии мусиқии навозандагон - донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза бахшид.

Лозим ба ёдоварист, ки Исроилов Абдураҳмон Сулаймонович рассоми боистеъдод, нафарест, ки дар ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёташ асарҳои ҷолиби диққат офаридааст. Ин марди ҳунар 22-октябри соли 1951 дар деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд гардидааст. Дар солҳои 1968-1976 дар Донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Низомӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1983-1989 дар Донишгоҳи Давлатии Театри Санъати Рассомии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи А.Н.Островский дар устохонаи рассоми халқии ИҶШС, аъзои ҳақиқии Академияи бадеии ИҶШС, профессор Раҳим Аҳмедов нозукиҳои касби мусаввириро омӯхтааст. Дар солҳои 1990-2016 дар кафедраи расм ва мусаввирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.  Ӯ аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусаввирии Тоҷикистон мебошад.

Абдураҳмон Исроилов иштирокчии якчанд намоишҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ аст. Намоиши навбатии А.Исроилов дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯли як моҳ идома ёфта, 60 адад мусаввара ба намоиш гузошта шудааст.   

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top