Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Модар –сарчашмаи меҳру муҳаббат

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан – Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯйи замин аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки “атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад”. Аз ин рӯ, Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубонамон шурӯъ мешавад.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Рӯзи Модар муборак, модарону бонувони азиз!!!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМодар –сарчашмаи меҳру муҳаббат
Scroll to Top