Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ФОТОГАЛЕРЕЯ

ВИДЕО

СОЦИАЛЬНЫЕ СЕТИ

        

Фаъолияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар соли 2018

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷиҳати татбиқи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади  дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Дар давоми фаъолияти соли 2018 бо мақсади ғанӣ гардонии маъхази осорхона 5 ҷаласаи харидории назди маъхази осорхона баргузор карда шуда, ба миқдори 401 адад ашёи арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта қабул карда шуд. Аз он 226 адад харидорӣ ва 175 адад тариқи ройгон ба маъхази осорхона ворид карда шуданд, ки шумораи умумии нигораҳои фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба 13607 адад расид.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 маротиба вохӯрӣ, 5 маротиба конфронси илмӣ, 19 маротиба намоиш дар осорхона, 10 маротиба намоиши сайёр ташкил карда шуд. Аз он ҷумла дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо таҳти унвони “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”  аз фонди Осорхонаи таърихии маҷмаа бахшида ба Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ифтитоҳ ёфт. Намояндагони осорхонаи таърихии маҷмаа иштирок ва баромад намуданд. Дар чорабинӣ Сафири Фаронса дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, раиси Академияи мусаввирони Тоҷикистон О.Рабиев, рассомони халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, Комилҷон Ёдгоров, рассомони ҷавон ва маъруфи  тоҷик ба монанди: Д.Михтоҷов, Парвин Гулов,  Акмал Миршакар, Саттор Раззоқов ва тамошобинон иштирок   намуданд.

Дар доираи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд ва 60-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ҷумҳуриявии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент,  бахшида ба “Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва нақша чорабинии  МИҲД - и вилояти Суғд дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расми кушоди намоиш аз фонди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ҷумхуриявии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент баргузор гардид.

Дар дувоздаҳ моҳи соли 2018 аз  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 42302 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки аз онҳо ба 15220 нафар 737 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 27082 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷи дур 2677 нафар, фарогири сайри илмӣ 226 нафар, давлатҳои ИДМ 775 нафар, 179 нафар фарогири сайри илмӣ  мебошанд.

Дар ин давра аз ”Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ” 8497 нафар тамошобинон дидан ба амал оварданд, ки ба 6408 нафар 430 адад сайри илмӣ гузаронида шуда, теъдоди тамошобинони алоҳида 2089 нафар мебошад. Теъдоди тамошобинони  хориҷи дур 166 нафар фарогири сайри илмӣ 100 нафар, хориҷи наздик (ИДМ)  94 нафар, фарогири сайри илмӣ 65 нафарро  ташкил медиҳанд.

Дар ин давра Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматовро 13243 нафар тамошобинон дидан ба амал оварданд, ки ба 6838 нафар тамошобинон 944 адад сайри илмии умумӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 6405 нафар мебошад. Теъдоди тамошобинони хориҷи дур 223 нафар 62 нафар фарогири сайри илмӣ,  аз давлатҳои ИДМ  342 нафар, ки аз онҳо 154 нафар фарогири сайри илмӣ мебошанд. 

Ҳамагӣ теъдоди тамошобинон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 64042  нафарро ташкил дода,  3066 нафар тамошобинони хориҷии дур  388 нафар бо фарогири сайри илмӣ, Давлатҳои муштаракул манофеъ (ИДМ) 1211 нафар фарогири сайри илмӣ 398 нафар буда, теъдоди тамошобинони алоҳида 35576 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 37 бех дарахтони сосна, 10 бех соснаи майда,  30 бех дуб,  45 бех  можевелник, ду бех дарахти нок, 114 бех садбарги бутта, 10 бех сирени ҳиндӣ, 10 бех кипариси аризонӣ, 44 адад туяи калони 2,5 метра, 48 адад туяи 1,8 метра, 19 адад туяи 1 метра, каштан 18 адад  дар маҷмӯъ 385 адад дарахтон ва 137000 адад гулҳои мавсимӣ ва 12 намуди гули лола, ки 280000 ададро ташкил медиҳанд, шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта, дарахтон ва токзори чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ  шаклдарорӣ карда шуд.

Баҳри фароғатии истироҳаткунандагон тибқи реҷаи корӣ фаъолияти фаввораҳо ва обшорон ба роҳ монда шуд.

Кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо натиҷаҳои назаррас соли 2018-ро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияти  корӣ дар солҳои 2019-2021, ки “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФаъолияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар соли 2018
Scroll to Top