Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи гули лола

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз шартҳои зебову тамошобоб гардонидани маҳалли зист ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф мебошад. Аз ин лиҳоз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо шинонидани ниҳоли ороишӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ба мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти макони истироҳативу фароғатӣ будани мавзеи мазкур дар боғ шинонидани дарахтони нодиру ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ ба таври зарурӣ роҳ монда шудааст.

Қайд карда шуд, ки дар маркази вилоят ташкили Фестивали “Сайри гули лола” ба нақша гирифта шуда, дар раванди корҳои ободонӣ 500 000 бех гули лола шинонида мешавад.

Лола аз ҷинси растаниҳои бисёрсолаи пиёзакбех аст, ки зиёда аз 4 000 навъ дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон бошад 25 намуди лола вомехӯрад, ки махсусан намудҳои гулкалони он қимати баланди ороишӣ доранд. Лола яке аз гулҳои қадим ва машҳуртарини кишварҳои Шарқ аст, ки таърихи аҷибе дорад.

Таърихи пиёзакҳои гули лола дар Голландия аҷиб аст. Замоне, ки талаботи мардум ба пиёзакҳои гули лола афзуд нархи он низ чанд баробар дар бозорҳо гарон гардид. Махсусан дар солҳои 1663 - 1667 ин марҳила дар таърихи голандиҳо бо номҳои tulpomanie, tulpenwoede, tulpengekte, bollengekte, bollenrazernij ёд карда мешавад.

Сафири Австралия дар Туркия Охир Гилэн де Бузбек ба гули лола аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ӯ чанд дона пиёзи гули лоларо аз Константинопол ба Вена овард ва онҳоро дар боғчаи император Фердинанди 1 шинонданд. Лолаҳо дар зери назари шахсии ботаники ботаҷрибаи франсуз Шарл де Леклюза, ки бо номи лотиниаш Карл Клузиус машҳур буд, сабзида калон мешаванд. Дар муддати кӯтоҳе Клузиус диққати Донишгоҳи Лейденро бо таҷрибаи ба дастовардааш ҷалб мекунад. Соли 1593 Клузиус бо «пиёзҳои гули лола» ба Лейден меояд. Соли 1594 бори аввал нахустин боғи гули лола бо шарофти Карл Клузиус дар Нидерландия арзӣ ҳастӣ мекунад. Дар даҳ сол ба голандиҳо муяссар гардид, ки даҳ навъи гули лоларо барои ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Соли 1665 як дона гули лола баробар ба 2000 флор (тилло бо вазни 3,5 гм) ба фурӯш мерафт. Тиҷорати он дар биржаҳои номдори АмстердамРоттердамХарлема ва Лейдена ба роҳ монда шуд. Дар соли 1665 нархи он ба 5500 флор баробар гардид. Аввалҳои солҳои 1637 нархи миёнаи гули лола 25 фоиз қиммат шуд. Фурӯшандаҳои гули лола даромади хубе ба даст меоварданд. Кор то ба ҷое расида буд, ки оилаҳои камбизоат низ дар биржаҳо ба фурӯхтани навъҳои гуногуни гули лола машғул буданд. Ин навъи тиҷоратро дигар дар бозор назорат карда намешуд. Тоҷирони навбаромад сафашон бештар гашта, фаъолияташонро дар марказҳои савдо пеш мебурданд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо заминҳо бо гули лола иваз карда мешуданд ё баръакс бо харидани замин дар он ҷо гули лола кишт карда мешуд. Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Чарлз Маккем барои навъи гули лола бо номи Semper Augustus 12 акров (4,86 га) замин пешниҳод карда шуда буд.

Дар моҳи феврали соли 1637 шумораи фурӯшандаҳо якбора назар ба харидорон зиёд гардид, ки он ба арзоншавии нархи гули лола дар марказҳои савдо оварда расонид. Ба қиматтарин нархи гули лола дигар харидорон 300 флор медоданд. Дар як шаб садҳо ҳазор тоҷирони голандӣ аз тиҷорати минбаъдаи гули лола даст кашиданд. Дар як сол то 100 % нархи гули лола дар бозорҳо коҳиш ёфт. Баъди аз байн рафтани тиҷорати фоидаовари гули лола иқтисодиёти ин кишвар ба буҳрон гирифтор мегардад. Ҳарчанд гули лола ба дигар кишварҳои Аврупо роҳ ёфта бошад ҳам, аммо ҳеҷ як кишвари дунё ба монанди мардуми Голландия аз он баҳра набардоштааст.

Баъди солҳои тулонӣ гули лола бори дигар дар таърихи башарият аз худ дарак медиҳад. Ин навъи гул ба зудӣ дар байни мардум роҳ ёфта, серхаридор мегардад. Дар асри ХVIII Султони турк Аҳмади III ҳазор дона гули лолаи голандиро ба Туркия меорад. Баъди муддате ба кишварҳои дигар лолаи туркӣ содирот мешавад. Таъкид бояд кард, ки таърихи гули лола ҳанӯз ба таври дуруст омӯхта нашудааст. Соли 1841 баъди нашри китобҳои рӯзноманигор Чалз Маккем дар бораи гули лола ва нависанда Александр Дюма «Лолаи сиёҳ» оламиён бо таърих, пайдоиш ва шеваҳои инкишофи гули лола ошноӣ пайдо карданд.

Бояд гуфт, ки гулкорӣ кардан низ санъат аст ва дар ин маврид бояд тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо ба инобат гирифта шавад.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesАз таърихи гули лола
Scroll to Top