Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таассуроти оламиён

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №3

(Ба таври мухтасар)

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд рисолати азалии хешро дар кори ҷамъоварӣ, таҳқиқ, тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик адо намуда, ба комёбиҳои шоён муваффақ гардидааст.

Экспозитсияҳои намоишии осорхона дар зербино ва толорҳои болоӣ бо фарогирии масоҳати 1279,2 м/мураббаъ созмон ёфта, аз бахшҳои “Ҳаёти одамони асри санг”, “Давраи фулузӣ”, “Эллинистӣ”, “Тамаддуни ориёӣ”, “Таъриху тамаддуни халқи тоҷик” ва “Давраи муосир” иборат буда, макони зиёратгоҳи садҳо ҳазор тамошобинон ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардидааст. Аз осорхона агар дар соли 2012 - 19951 нафар дидан карда бошанд, дар соли 2017 –42144 нафар боздид намудаанд.

Меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи кишвар баъди тамошо аз ин макони фарҳангӣ-маърифатӣ таассуроти хешро аз таъриху фарҳанги бою куҳани халқи тоҷик дар китоби хотирот иброз намудаанд, ки чанде аз онҳоро баён медорем:

Мустафо Осимӣ доктори илмҳои физика – математикаи Академияи илмҳои Белорус: “Мехоҳам кормандони музейро табрик намоям. Офарин! Музей дар дараҷаи ҷаҳонӣ экспозитсияҳои ҷолиб, шавқовар ва комил дорад. Боварии комил дорам, ки музей дар омӯзиш ва парвариши наслҳои нав, ки аз таърихи бостонии худ огоҳ ва ифтихор хоҳанд кард, саҳми бузург мегузорад”. 10.10.2007

Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шоисломов: “Музей достоен всяческого восхищения. Некоторые залы уникальны, особенно ценю что они спроектированы и исполнены местными мастерами на высоком уровне.Музей имеет большое значение для воспитания молодёжи в духе патриотизма”.4.12.2007

М.Николаев – муовини Раиси шӯрои Федератсияи Руссия: “На просторах Галактики много ярких звезд, на земле г.Худжанд, богатейшей своей историей, традицией.

Любите, изучайте и гордитесь своей историей”25.10.2008

Президенти Латвия Валдис Затлерс: “Только у того народа есть будущее, который бережно хранит свою историю”.12.07.2009

Осорхона макони муқаддасест, ки дар инҷо ҳар як ҳуҷҷату санад, ҳар як экспонату бозёфт порае аз таърихи қадимаву дар айни ҳол пурифтихори халқамон буда, дар ҷашнҳои таърихӣ меҳмонони зиёди ҳам хориҷ ва дохили кишвар аз он дидан мекунанд. Аз ҷумла дар рӯзҳои ҷашнгирии 20 – солагии Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) М.Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхона ташриф оварда, дар китоби хотирот таассуроти худро самимона чунин баён кардааст: “Ба ҳамаи онҳое, ки баҳри ба асрҳою ҳазорсолаҳо, ба наслҳо, ба ёдгор гузоштани таъриху тамаддуни тоҷикону тоҷикистониён заҳмат кашидаанд, минатдории беназир таманно менамоям.

Ҳамеша саодатманду муваффақ бимонед!”19.11.2012

Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк борҳо аз толорҳои намоишии Осорхона дидан ба амал оварда, дар китоби хотирот фикру мулоҳизотҳои худро чунин иброз намудааст: “Сердечная благодарность всем, кто вложил свою душу и труд в создание этого замечательного музея. Богатейшая коллекция, с любовью и глубоким профессионализмом представленная гидом, даёт возможность ещё раз осмыслить историческую глубину и тысячелетние корни таджикской культуры народа Таджикистана. Убежден, что знание и почитание к новой истории во многом определяет те крепкие узы дружбы, которые характеризуют сегодня братские отношения Украины и Республики Таджикистан.

Счастья, благополучия и процветания этой благодатной земле!”29.07.2013

Сафири Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин – Фролов Игорь аз Осорхона дидан намуда, чунин қайд кардааст: “Восхищены Вашим музеем. Прекрасные экспозиции, дающие яркое представление о истории и культуре Согдийской области.

Желаю музею и его коллективу дальнейших успехов в их просветительной работе”. 25.05.2016

Дар давоми солҳои охир аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд меҳмонон аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, арбобони давлатию сиёсӣ ба монанди: Хю Филпотт –Сафири Англия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷозеф Лим – намояндаи Бонки рушди Осиё, хонум Ясмин Гуедар – Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Холгер Грэн – Сафири Ҷумҳурии федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бондаренко В.А. – Консули Федератсияи Руссия дар вилояти Суғд, Ш.Орумбекзода - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дидан карданд.

Осорхона дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, корҳои хеле назаррасро ба сомон расонида истодааст ва тамоми кормандони Осорхона бар онанд, ки мардуми вилоят ва меҳмонони онро бо таърихи пурифтихораш аз наздик ошно созанд, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум ҳиссаи хешро гузоранд.

 

Мирзоева И.П.

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТаассуроти оламиён
Scroll to Top