Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” машварати корӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти меҳнатии соли 2025 ва ҷаласаи Шӯрои илмии осорхона бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо иштироки олимон, устодон, таърихшиносонусобиқадорони меҳнат ва мудирони шуъбаҳои мухталиф баргузор гардид.
Дар оғози машварати корӣ Иброҳим Иброҳимов- омири кулли муассисаи мазкур оид ба бурду бохт, натиҷаҳои асосӣ ва дастовардҳои фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ӯ таъкид намуд, ки соли 2025 барои муассиса соли амалигардонии як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва эҳёгарона буд.
Сипас, Мансур Бойматов- директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барномаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои омодасозӣ ба ҷашни 100-солагии таъсисёбии осорхонаи таърихӣ муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҷашнӣ садсолагӣ ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ ва илмӣ ба таври ҳамаҷониба ва мутобиқи замон баргузор хоҳад шуд.



Дар ҷараёни машварат олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон ва собиқадорони соҳа фикру мулоҳизаҳои худро оид ба баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ, таҳияи барномаҳои таҳқиқотӣ, такмили экспозитсияҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ баён карданд. Пешниҳод шуд, ки ин чорабинии конфронси ҷумҳуриявӣ бо ҳадафи ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, баррасии садсолаи осорхонаи таърихӣ,таҳқиқотҳои нави илмӣ , ҷалби меҳмонону мутахассисон аз муассисаҳои таърихиву фарҳангӣ ва таълимии кишвар ва инчунин муаррифии китоби ҷадид бахшида ба садсолагӣ бо садҷеҳраи шинохта рӯйи даст гирифта шавад
Машварати кории баргузоргардида дар муассиса як қадами муҳими таҳкимбахши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва мутахассисони соҳа ба ҳисоб меравад. Баррасии натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 ва муайян намудани самтҳои асосии омодагӣ ба ҷашни 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд заминаи боэътимод барои татбиқи ҳадафҳои нав муҳим гардад.
Мубодилаи фикру андешаҳо ва пешниҳоди устодону олимон ва муҳаққиқон ба ғанигардонии барномаҳои ҷашнӣ ва баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ- фарҳангӣ мусоидат хоҳад намуд.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”