Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сардии зимистонро эҳсос мекунем

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар сол бо фарорасии фасли сармои зимистон табиат ҷеҳраи худро дигар мекунад. Боду борон, барфи сафед, ҳавои софу тоза ва оромии табиат ба инсон ҳисси хоса мебахшад. Агар гӯем, баҳор фасли наврӯзиву шукуфоӣ бошад, тобистон фасли гармӣ ва фароғатӣ, пас зимистон фасли сардиву оромиш ва эҳсоси самимии инсон нисбат ба табиат мебошад. Инсон сардии зимистонро на танҳо бо бадан, балки бо қалбаш низ ҳис мекунад. Вақте ки барф меборад, замин ба як саҳифаи варақаи  сафед  мубаддал мегардад. Тамоми наботот ва дарахтону растаниҳо бо либоси сафеди барфи нарм печонида мешаванд, роҳҳо бо қабатҳои  барф пӯшида шуда ба ях мубаддал мегарданд. Ин зебогии табиат инсонро ба андеша ва шукргузорӣ даъват мекунад. Дар ин фасл, ҳатто садои ороми шамол ё шикастани яхпора дар болои дарёҳои обаш мавзун метавонад ба гӯши инсон мусиқии дилнавозе иҷро кунад.

Бале, шояд аксарият инсонҳо  зимистонро фасли дилгиркунанда шуморанд, зеро ки рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз мешаванд, аммо дар асл ин фасл дорои зебогии пинҳонӣ дорад. Он зебогии табиатро  фақат дилҳои ором эҳсос  мекунанд. Дар зери рӯшноии камранги офтоби зимистона ё чароғҳои дурахши шабонаи кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳр, боришоти барф бо рангҳои гуногун оҳиста – оҳиста фуруд оварда , чун марворид медурахшанд, ки ҳамаи ин табиат ба як афсонаи хотиравӣ табдил меёбад.

Сардии зимистон на танҳо табиатро , балки руҳи инсонро низтағйир медиҳад, ки  ин фасл гӯё инсонро ба хомӯшӣ ва андешаи оромӣ водор месозад. Дар шабҳои дарози зимистон вақте ки шамол дар пушти тирезаҳо меварзад, бисёр инсонҳо дар дил хотираҳои гарм ва ёдҳои зеборо зинда мекунанд, ҳатто орзу мекунанд, ки кай фасли баҳор меояд?

Агар ба фарҳанги тоҷикӣ назар афканем, зимистон рамзи покӣ ва тозагиро ифода мекунад. Боридани барф гӯё ҳамаи ғубору ғам ва ғуссаҳои дили инсонро мешуста бошад. Шояд, барои ҳамин аст, ки баъди сардии сахт ва боришоти барф, одамон худро сабуктар ва тоза ҳис мекунанд.

Бояд гуфт, ки фасли сардии зимистон моро ба қадри гармӣ мерасонад, гармию меҳрубонии хонавода, ҳалқаи нишасти дӯстон дар як сари пиёлаи чойи  гарм дар зери дарахтони сояафкан. Вақте берун сардӣ ҳукмфармост, инсон бештар ба меҳрубонӣ ва ҳамбастагии дигарон ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки фасли зимистон инсонро ба якдигар наздик мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар деҳоту қишлоқҷойҳо ин фасл ҳамчун давраи танаффус барои кишоварзон ба ҳисоб меравад. Агар баҳор ва тобистон вақти пуриқтидори киштукор  ва корҳои саҳроӣ бошад, зимистон давраи оромиши замин ва одамон мебошад. Дар ин фасл кишоварзон асосан барои таъмири асбобҳои деҳқонӣ, яхобмонии заминҳо, омодасозии тухмӣ ва хӯроки чорво машғул мешаванд. Инчунин фасли зимистон вақти хубест барои ҷамъоварии таҷрибаҳо ва омӯхтани роҳҳои беҳтари парвариши замин ва ниҳолҳо мебошад. Бо вуҷуди ҳавои сард ва барфи фаровон барои деҳқонон рамзи некӣ аст, зеро ки он заминро аз сармо муҳофизат ва ҳашаротҳои зарароварро несту нобуд намуда оби ҳаётбахшро барои баҳори оянда захира менамояд. Аз ҳамин сабаб, вақте ки боришоти барф зиёд мешавад, деҳқонон онро “неъмати табиат” мешуморанд.

Дигаре бошад, фасли зимистон аҳамияти муҳими экологӣ дорад, ки барфу боришоти ин фасл манбаи асосии об барои рӯдҳо, кӯлҳо ва зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Агар фасли зимистон беборишот гузарад, дар фаслҳои баҳору тобистон ба камобӣ рӯ ба рӯ гардада ба рушди табиату иқтисодиёт таъсири манфии худашро мерасонад. 

Фасли зимистон дар ағбаҳои кӯҳистон, бахусус дар роҳҳои автомобилгард пуркорӣ ва душвориҳоро дучанд мегардонад. Лек, кӯдакон бошанд зимистонро хело дӯст медоранд, зеро ки дар таътили зимистона бо барфбозӣ, чанасаворӣ, сохтани одами барфӣ ( снеговик ) ва пешвозгирии ҷашни Соли нави мелодӣ бо чароғакҳои рангоранги арчаи солинавӣ оро ёфта , руҳи идонаро ба худ мегирад. Ҳамин лаҳзаҳои хурди хотирмони самимӣ зимистонро ба фасли муҳаббат ва шодмонӣ табдил медиҳад. Аммо аз нигоҳи рамзшиносӣ назар афканем, зимистон фасли тозакунии ботин ва омодагӣ ба тағйироти ҳаёт будааст. Ин фасл моро водор мекунад, ки дар бораи зиндагии худ фикр кунем ва захираи маводҳои рӯзгорро таъмин созем. Зимистон ба одамон меомӯзонад, ки ба захира ва эҳтиёткорӣ на танҳо барои оила , балки барои ҳайвоноти хонагӣ аҳамият диҳанд. Дар ин фасл мардум бояд пешакӣ ғизо , ҳезум ва дигар маводи заруриро барои рӯзҳои сарди сол омода созанд, то на худ ва на чорвои хонагӣ аз камбудӣ ранҷ набаранд. Ин анъанаи нек нишон медиҳад, ки зимистон на танҳо фасли оромӣ, балки вақти масъулият, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва табиат мебошад.

Зикр намуд, ки зимистон фасле нест, ки танҳо бо сардии хунук ва шамоли тунд тавсиф шавад, баръакс он фасли зебоӣ, оромӣ, андеша ва муҳаббат аст. Албатта, сард аст инсон зимистонро бо пӯсташ эҳсос мекунад, аммо гармиашро дар дили худ меҷӯяд, зеро ки зимистон моро меомӯзад,ки мисли табиат сабр ва таҳаммул дллшта бошанд, зеро пас аз ҳар сармо гармӣ ва пас аз ҳар шаби торик субҳи равшан меояд. Умеди зиндагӣ ба дилҳо рӯшноӣ меорад ва моро водор месозад, ки ба оянда бо эътимод назар кунем.  Фасли зимистон мегузарад, аммо равшании умед ҳамеша боқӣ мемонад. 

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД
 МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСардии зимистонро эҳсос мекунем
Scroll to Top