Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд дар доираи фестивали ҷумҳуриявӣ боздид намуданд.

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шаҳри Хуҷанди бостони санаҳои 13 -14 уми ноябри соли 2025, мизбони як чорабинии муҳими кишвар, бахшида ба ифтихори Рӯзи Президент ва ҷаласаи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нақши таърихӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ дорад, фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ”баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки бо барномаву маъракаҳои ҷолиб, нишастҳои фарҳангиву маърифатӣ ва боздиди меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақоми хоса гирифт.

Ин чорабинии фарҳангиву таърихӣ бо ҳадафи таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстиву созандагӣ роҳандозӣ шуд.

Дар доираи фестивали мазкур ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз макони қалъаи таърихӣ, яке аз муҳимтарин ёдгориҳои фарҳангию тамаддуни тоҷикон мебошад, боздид ба амал оварданд.

Ҳайати меҳмононро роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ ошно намуданд. Зимни боздид меҳмонон бо таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик, ки дар толорҳои намоишӣ маводу ашёҳои нодири қадима, ки решаҳои он ба ҳазорсолаҳо мерасад, шинос гардиданд.

Метавон гуфт, ки қалъаи таърихӣ, чун маркази зиндаи давлатдории қадимаи тоҷикон хизмат мекунад ба маркази ҷалби меҳмонон ва сайёҳон табдил ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки чунин фестивали ҷумҳуриявии “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ” дар шаҳри Хуҷанд бори дигар нишон дод, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад.

Ин гуна чорабиниҳо на танҳо фарҳанг ва таърихро зинда медоранд, балки ҷомеаро барои фаъолияти созанда,  дӯстӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд.

Қайд намуд, ки дар ҷамъбасти дидан намудан аз қалъаи таърихӣ, меҳмонон аз меъмории беназири  ҳунармандони мардумӣ, таърихи ғанӣ ва манзараҳои нотакрори он бисёр хушҳол гардиданд. Онҳо қайд намуданд, ки шиносоӣ бо чунин ёдгориҳои қадима на танҳо донишро зиёд мекунад, балки ҳисси ифтихор аз мероси фарҳангиро бештар месозад. Чорабинии мазкур бо муҳокимаи аҳамияти ҳифзи ин ганҷинаи таърихӣ анҷом ёфт, ки ҳикояти асрҳои гузаштаи ниёгони миллати тоҷик  ва рӯйдодҳои муҳимро дар худ нигоҳ медорад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМеҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд дар доираи фестивали ҷумҳуриявӣ боздид намуданд.
Scroll to Top