Касе ягон маротиба ҳам либосро бо дасти худ ҳамвор кардааст, эҳтимолан аз асбобе истифода бурдааст, ки ҳамеша ба назар мерасад, вале ӯ кору ҳунари бузургеро нишон медиҳад, ки ин дарзмол аст.
Имрӯзҳо бо мурури пешравии замони муосир дарзмол яке аз ашёҳои муҳими рӯзгор буда, замонҳои қадим то имрӯз шакл ва усули кори онҳо тағийр додааст, ки ба монанди дарзмолҳои барқӣ, газӣ, аккумулятордор ва дарзмоли саноатӣ , ки дар фабрикаҳои дӯзандагӣ истифода бурда мешаванд, қувваи баланд ва буғи зиёд доранд. Лек, асли ҳунар ва техникаи инсонҳои қадим дар дарзмоли чӯянӣ бо ангиштсанг пинҳон буд. Беш аз ҳазорсолаҳо, мардум барои гарм кардани матоъ ва ҳамвор намудани бофтаҳо аз ашёи одӣ чӯян ва ангиштсанг истифода мебурданд. Ин таҷҳизоти содда, вале ҳунармандона на танҳо кори рӯзмарраро осон мекард, балки рамзи эҷодкорӣ ва зиндагии пур аз маҳорати мардумони қадим буд.
Дарзмоли ҷӯянӣ на танҳо асбоби амалӣ , балки нишонаи фарҳанг ва эҷодиёти бостонӣ ба ҳисоб мерафт, ки мардум на танҳо либосҳои босифат таҳия мекарданд, балки ҳунари худро ҳамчун мероси маънавӣ ба наслҳои оянда мерасониданд.
Дарзмол, ки имрӯз ҳамчун ҷузъи зарурии рӯзмарра ба назар мерасад, ки дар таърихи инсон ҷойгоҳи махсус дорад. Аммо пеш аз он ки дарзмолҳои барқӣ пайдо шаванд, одамони қадим як навъи аҷиби дарзмолро истифода мебурданд, ин дарзмоли ҷӯянӣ буд, ки дар дохилаш ангиштсанг андохта барои гарм кардани матоъ истифода мешуд. Ин таҷҳизот натанҳо ба ҳаёти рӯзмарраи мардум осонӣ меовард, балки нишондиҳандаи дониш ва ҳунари истеҳсолии онҳо низ буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки таърихи пайдоиши дарзмоли ҷӯянӣ манбаъҳои таърих нишон медиҳанд, ки дар бисёр фарҳангҳои қадим , аз ҷумла дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва қисматҳои Ховари Миёна мардум онро истифода мебурданд. Ин таҷҳизотро одатан ҳунармандон аз ҷӯян месохтанд ва шакли он ба талаботи истифодабаранда мутобиқ гардонида мешуд. Дарзмоли ҷӯянӣ аз ду қисми асосӣ иборат буда , шакли мудаввар ё росткунҷа дошт. Қуттӣ бояд ба андозае ғафс бошад то ки гармиро нигоҳ дорад ва аз оташзанӣ муҳофизат кунад. Дигаре бошад, ҳаво ва даҳана дошт, ки қисми болоии қуттӣ одатан сӯрохиҳои хурд дошта , барои ба берун бароварданӣ гармӣ хизмат мекардааст. Ин сӯрохиҳо барои назорат кардани дараҷаи гармӣ истифода мешуданд. Дар дохили дарзмол ангиштсанги тасфон андохта мешуд, ки ангиштсанг дорои қувваи гармидиҳии баланд дошта , барои муддати муайян ҳарорати гармиро интиқол дода бо роҳи бодиққат дарзмол карда бофтаҳои матоъро ҳамвор ва нарм мекарданд.
Дарзмоли ҷӯянӣ ба занон ва занони ҳунарманд имконият медод, ки бо ҳунари худ либосҳои босифат ва зебову шинам таҳия кунанд. Яъне , дарзмоли ҷӯянӣ на танҳо як воситаи техникӣ буда, балки як нишонаи ҳунар ва маърифат ба ҳисоб мерафт. Дар баъзе минтақаҳо соҳибони дарзмолҳои зебо ва пурқимат ҳузури иҷтимоӣ ва обрӯ доштанд, ки ҳамчун ба нигоҳ доштани матоъҳои қимматбаҳои сарватмандон кӯмак мекард.
Гуфтан ба маврид аст, ки таърихи истифодаи дарзмоли ҷӯянӣ нишон медиҳад, ки инсон аз замонҳои қадим барои осонӣ ва беҳтар кардани зиндагии худ кӯшиш намудааст. Ин таҷҳизот намунаи равшани ҳунар ва техникаи бостонӣ мебошад.
Мусаллам аст, ки имрӯз бо пешрафти технологияи муосир, ки дарзмолҳои ҳозиразамони автоматикӣ ҷойгузини онҳо шудаанд, ки арзиши таърихӣ ва фарҳангии дарзмоли ҷӯянӣ кам намешавад. Ин нишон медиҳад, ки одамони қадим бо технологияи мавҷудаи худ чӣ қадар эҷодкор будаанд. Ин таҷҳизот намунаи возеҳест, ки чӣ гуна инсон аз ашёи одӣ ҷӯян ва ангиштсанг барои осонии зиндагӣ ва ҳунар истифода мебурд ва ба мо хотиррасон мекунад, ки технологияи инсонҳои бостонӣ бо ҳунар ва эҷодкорӣ пайваст будааст.
Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз ин ёдгории меҳнати бонувони замон дарзмоли ҷӯянӣ дар Хона- музейи ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, дар меҳмонхонаи занон ҷой дода шуда, ҳамчун рамзи заҳмату зебопарастии тоҷикон ба намоиш гузошта шудааст.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”