Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва бо ихлосу самимият, тамоми мардуми кишвари азизи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Яздони пок қабули дуову ибодат, ризқу рӯзии фаровон, тансиҳатӣ, фарохдастиву имони комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоем.
Бигзор ҳар орзуи неки диниву дунявие,ки доред, ҷомаи амал бипӯшад ва дар ин моҳи сабру таҳаммул бо амалҳои хайру саховатмандии ҳар яки мову Шумо ҷомеаи кишварамон боз ободу шукуфон гардад.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак!