Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фасли зимистон дар мекӯбад

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки  зимистони пешомадаистода пешбинӣ шудааст, ки эҳтимолияти сардии хунукшавии ҳаво аз аввали моҳи оянда шурӯъ мешудааст. Нигаронии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” дар ин замина, оиди рафти фаъолияти мунтазам ва самаранокбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 роҳандози гардида, тибқи нақшаи маркази техникии маҷмаа чунин корҳоро, аз ҷумла: салафанпеч намудан ва бо равғанҳои техникии молидании махсус муҳофизати муҳаррикҳои фаввораҳо, муҳаррикҳои зеробии фаввораҳо ба консерватсия, омода намудани шаршараҳои калони маҷмаа, системаи обгузарии Ҷӯйи Раззоқ, таъмини фаъолияти пурсамар ва беҳтарии хатҳои барқии ҳуҷраҳои намоиши Хона Музей, тадрисгоҳ, хонаҳо ва утоқҳои ёрирасон, гузаронидани корҳои профилактикии хатҳои барқии баландгӯякҳои маҷмаа ва омода намудани онҳо барои таҷвияти босифати овози радио, пурра намудани тахтаҳои зидди сӯхтори ҳудуди маҷмаа бо лавозимотҳои зидди сӯхторӣ ва навиштаҷоти бохабаркунии зидди сӯхтор, гузаронидани корҳои профилактикии зидди сӯхтор тамоми қуттиҳои пайвасткунандаи барқии маҷмаа (изолятсиякунӣ ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои фаъолияткунанда), барқарор ва пайваст намудани хатти эҳтиётии барқии Осорхонаи вилоятӣ аз истгоҳи барқии№65 аз тарафи мутаххасисони шабакаи Барқӣ Тоҷик, таъмини фаъолияти сифатнокии системаи бохабаркунандаи зидди сӯхтори Хона музей (радио-сигнализатсия) айвонҳо, мақбараи Хоҷа-Камол, инчунин, таъмир ва қисман иваз намудани таҷҳизоти бохабаркунии зидии сӯхтор дар толорҳои намоиши Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  ва ғ.

Бояд зикр намуд, ки дар муассиса аз ҷониби мутахассиси шахси масъули бехатарӣ ва хадамоти меҳнат, тибқи нақша чорабинӣ, гузаронидани машғулиятҳо бо кормандон, оиди риояи техникии бехатарӣ ва сайқал додани донишу малака ва маҳорати кормандон, ҳангоми сар задани ҳолатҳои фаврӣ ва фавққулода, инчунин, расонидани ёрии аввалиндараҷа гузаронида шуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки новобаста аз ҳушдор додани маркази ҳавошиносӣ кормандони муассиса ибораи “ҳамеша тайёр бош”- ро истифода бурда истоданд, ки фасли зимистон дарро мекӯбад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФасли зимистон дар мекӯбад
Scroll to Top